Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСозмони беҳдошти ҷаҳонӣ: шуйӯъи коруно дар сатҳи ҷаҳон шиддат гирифтааст

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ: шуйӯъи коруно дар сатҳи ҷаҳон шиддат гирифтааст

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт зимни ҳушдор перомуни ташдиди шуйӯъи вируси коруно дар ҷаҳон таъкид кард, ки шуйӯъ ин беморӣ шиддат гирифтааст. 

Тедрус Адаҳонум, дабири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ имрӯз тай суханоне дар як нишасти видеоӣ дар мақари ин ниҳод дар шаҳри Женеваи Суис дар робита бо шуйӯъи COVID-19 гуфт: «алорағми ин ки бисёре аз кишварҳо пешрафтҳое дар муқобила бо ин бемории ҳамагир доштаанд, аммо шуйӯъи он дар дунё шиддат гирифтааст”. 

Вай афзуд: бадтарин вазъиятро ҳанӯз таҷриба накардаем. Мутаассифам, вале бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва авзоъи мавҷуд ба шиддат нигарон ҳастем». 

Адаҳонум бо баёни ин, ки теъдоди мавориди ибтило ба коруно дар ҷаҳон аз 10 миллион нафар ва теъдоди касоне, ки бар асари ин беморӣ фавт кардаанд аз ним миллион мубтало фаротар рафтааст, изҳор дошт: «пешрафтҳои зиёде барои тавлиди воксинӣ ба даст омадааст, аммо ҳанӯз тазмине вуҷуд надорад, ки ин талошҳо муваффақ шаванд».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular