Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет10 июл парвози чартерӣ аз Душанбе ба Минск сурат мегирад

10 июл парвози чартерӣ аз Душанбе ба Минск сурат мегирад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард барои шаҳрвандони кишвар, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, санаи 10 июл парвози чартерӣ ба самти Душанбе — Минск — Душанбе сурат мегирад.

«Вазорати умури хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвози махсус самти Душанбе — Минс — Душанбе ба нақша гирифта шудааст» — омадааст дар хабар.

Ба иттилои котиботи вазорат, парвози мазкур рӯзи 10 — июл аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон — эйр» сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳам имкон доранд, бо ин хатсайр ба Минск парвоз кунанд.

Зикр мегардад, Тоҷикистониҳое, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, барои бақайдгирӣ намудан ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина муроҷиат кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular