Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРӯзноманигорони рус ба дифоъи ҳамкасбашон бархостанд

Рӯзноманигорони рус ба дифоъи ҳамкасбашон бархостанд

Беш аз 30 рӯзноманигори рус ба ҳимоят аз Светлана Прокопева, рӯзноманигор аз шаҳри Пскови Русия бархостанд, ки ба ӯ бо иттиҳоми “ҳимоят аз терроризм” то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Онҳо дар изҳороте, ки рӯзи 4-уми июл нашр шуд, гуфтаанд, “қобили қабул нест, ки рӯзноманигор барои фаъолияти касбӣ маҳкум мешавад».

Ирина Малкова, сардабири нашрияи интернетии “The Bell” навиштааст, ки «ҷоиз нест, ки барои қасд гирифтан аз рӯзноманигорон барои сухани озод гуфтан онҳоро бо гардиши маводи мухаддир тӯҳмат мекунанд, дастонашонро мешикананд ва ё ба зиндон меандозанд”.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин рӯзноманигор феврали соли 2019 боз шуд. Прокопеваро барои шарҳаш дар радиои «Эхо Москвы в Пскове» дар моҳи ноябри соли 2018 муҳокима мекунанд. Ӯ дар ин сӯҳбаташ дар бораи худкушии як мард дар даромадгоҳи дафтари ФСБ-и Архангелск сӯҳбат карда ин ҳолатро ҳамчун эътироз алайҳи қонуншиканиҳои ходимони ҳифзи қонун арзёбӣ карда буд. Назарҳояшро ӯ баъдан дар як блогаш ҳам чоп кард. Прокопева дар додгоҳ гуфт, ки ин суханҳоро ба он хотир гуфт, ки амалҳои террористӣ дар оянда такрор нашаванд. Ба саволи додрас дар бораи он ки «оё ӯ терроризмро сафед мекунад?», – Прокопева гуфт, навиштаҳои ӯ барои ҳимоят аз мардум равона шуда буд.

Ба ҳимояи Прокопева журналистон, созмонҳои ҳомии озодии баён, сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятии Русияву кишварҳои дигар садо баланд карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular