Раҳбарияти зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд мавҷи дувуми пандемияи вируси коруна, ки бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла ҳамсоякишварҳоро фаро гирифт, ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон иҷоза диҳанд.
Мансурҷон Умаров, раиси иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ин бора гуфтааст: “Ҳарчанд шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон кам мешавад, оғози имконпазири мавҷи дуюми эпидемия раҳбарияти муассисаҳои ислоҳиро водор месозад, ки минбаъд низ тадбирҳои пешгириро риоя кунанд, ки манъи муваққатии дидорбинӣ аз ҷумлаи онҳост.”
Умаров хотиррасон намуд, ки мутобиқи моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзоёни оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ҳуқуқ доранд.
Мансурҷон Умаров гуфт: “Ҳозир дар муассисаҳои ислоҳии кишвар беморони илтиҳоби шуш нестанд ва бо аломатҳои коронавирус низ муроҷиат намешавад. Лекин тавре медонем, дар бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсояикшварҳо мавҷи дуюми эпидемия оғоз ёфт ва мо бояд ба риояи тадбирҳои пешгирӣ идома диҳем.”
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, хешону наздикони маҳбусон метавонанд дар рӯзҳои корӣ ба онҳо маҳсулоту чизҳои иҷозашударо оранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

