Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҷовузгари духтарчаи 3-сола ба ҳабси абад маҳкум шуд

Таҷовузгари духтарчаи 3-сола ба ҳабси абад маҳкум шуд

Суди шаҳри Душанбе рӯзи 9 июл нисбат ба айбдоршаванда шаҳрванд Юсуф Зиёев,таҷовузгар ба номуси духтарчаи 3-соларо ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард ва акнун тамоми умри боқимондаашро дар зиндони низомаш махсус паси сар хоҳад кард.

Бино ба сомонаи Суди шаҳри Душанбе, Юсуф Зиёев дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 138, қисми 3 , банди “а” (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва 127 (Дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф гардид.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе Юсуф Зиёев ба ҳукми ҳабси абад бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми махсус маҳкум шуд.

Мурофиаи додгоҳии таҷовузгар 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

Ҷузъиёти парванда эълон нашудааст. Танҳо маълум аст, ки духтарча зинда аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular