Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПандеми Тоҷикистонро аз 363 млн қарзу грант маҳрум кард

Пандеми Тоҷикистонро аз 363 млн қарзу грант маҳрум кард

Сармоягузорон хориҷӣ ҳаҷми қарзу грантҳо ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистонро кам кардаанд. Пандемии COVID-19 ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидааст. 

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш хабар дод, ки бинобар шуйуъи вируси коруно Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории кишвар дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ маҳрум шуд. 

Ҳамчунин ба гуфтаи Чиллазода, баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.

Қаблан мақомот гуфта буданд, бар асари пандемӣ мутахассисони Чин барои иштирок дар корҳои сохтмони роҳи Душанбе — Бохтар ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки марҳилаи аввали корҳои таъмиру навсозиро дар роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар дар муҳлати пешбинишуда анҷом додан имкон надорад, зеро мутахассисони Чин алҳол ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular