Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДаргузашти 5 устоди донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бар асари коронавирус

Даргузашти 5 устоди донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бар асари коронавирус

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз даргузашти 5 устоди ин донишгоҳ бар асари Ковид- 19 хабар дод.

Гулзода Маҳмадшоҳ ин матлабро имрӯз дар нишасти хабарие бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе эълон кард.

Вай гуфт: «129 устоди ин Донишгоҳ дар 37 беморхонаи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки 5 нафар аз онҳо бар асари гирифторӣ ба корона ҷони худро аз даст доданд.

Ба гуфтаи Гулзода иддае аз донишҷӯёни солҳои охири Донишгоҳ акнун дар беморхонаҳои Тоҷикистон дар канори кормандони тиббӣ барои наҷоти ҷони беморони корона талош мекунанд.

Вай таъкид кард дар ҳоли ҳозир 1553 донишҷӯи хориҷии кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular