Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Украина ба таври ҷудогона мулоқот кард.
Дар мулоқоти С. Муҳриддин бо сафири Чин дурнамои равобити дуҷониба ва иқдомоти муштараки ду кишвар дар заминаи пешгирӣ аз сирояти коронаврус баррасӣ шуд.
Дар дидор бо сафири Ҳиндустон вазъият ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон ва ҳамчунин иқдомоти муштараки ду кишвар барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дурнамои рушди равобит дар чорчӯб созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҷараёни дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Ду тараф дар идома бар зарурати рушди бештари равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таъкид карданд.
Ҳамчунин дар дидор бо сафири Украина рушди равобити Тоҷикистон ва Украина маврид баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ду тараф ҳамчунин дар мавриди иқдомоти муштараки ду кишвар оиди пешгирӣ аз сирояти вируси корона баҳс ва табодули назар карданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

