Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТазоҳурот дар Хабаровск густардатар мешавад

Тазоҳурот дар Хабаровск густардатар мешавад

Даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Хабаровски Русия рӯзи 18-уми июл ба нишони эътироз аз боздошти Сергей Фугал губернатори Кишвари Хабаровск раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳуроти онҳо, ки нишони сарпечӣ аз ҳукумати Русия ба ҳисоб меравад, дар майдони марказии Хабаровск сурат гирифт. Онҳо мехоҳанд, Сергей Фугал аз боздошт раҳо шавад.

Тавре расонаҳо дар ин бора навиштаанд, дар раҳпаймоии панҷсоата аз 15 то 50 ҳазор нафар ширкат доштаанд, аммо мақомоти расмӣ оморе дар ин бора нашр накардаанд. Фугали 50-сола, ки рӯзи 9-уми июл дар Хабаровск дастгир шуд, ба дастур додани қатли ду нафар дар солҳои 2004-2005 муттаҳам мешавад. Ӯро айни замон дар боздоштгоҳе дар Маскав нигаҳ медоранд.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 15-уми июл шикоят аз ҳукми боздоштро беасос донист. Ӯ худро бегуноҳ мешуморад ва тазоҳургарон гуфтаанд, чаро Фугалро баъд аз 15 соли ин ҷиноятҳо боздошт кардаанд. Сиёсатмадори рус узви Ҳизби Либерал Демократии Русия ба раҳбарии Владимир Жириновский аст ва тарафдоронаш гуфтаанд, парвандаи ҷиноӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular