Гуфтугӯҳои раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо оиди бастаи эҳёи иқтисодӣ дар ҳоле идома дорад, ки нишасти кунунӣ ба тӯлонитарин саммити онҳо тайи 20 соли ахир табдил шудааст.
Сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо умедворанд то бо идомаи музокирот монеъ аз шикасти ин нишаст шаванд. Тарҳи кӯмаки 750 миллиард евроӣ ба иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳодия, ки дар пайи густариши коронавирус бо бӯҳрони камсобиқа рӯбарӯ шудаанд, меҳвари гуфтугӯҳо дар Брюксел аст.
Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо қарор буд танҳо ду рӯз идома кунад, аммо музокирот пас аз баргузории 55 соат ҷаласа ҳамчунон идома дорад. Ба ин тартиб саммити кунунӣ аз замони нишасти соли 2000 — и сарони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Нис дар ҷануби Фаронса тӯлонитарин саммити онҳо маҳсуб мешавад. Дастури кори нишасти соли 2000, бознигарӣ дар муоҳидаҳои Иттиҳодия барои қабули узвият кишварҳои шарқи Аврупо буд.
Гурӯҳе аз кишварҳои узви Иттиҳодия, бар афзоиши саҳми қарзҳо дар бастаи кӯмаки иқтисодӣ таъкид мекунанд. Афзоиши саҳми қарзҳо дар ин тарҳ дар амал ба маънои коҳиши саҳми субсидияҳое хоҳад буд, ки бар хилофи қарзҳо баргардонида нахоҳанд шуд. Ин гурӯҳро кишварҳои Нидерландия, Австрия, Шветсия, Дания ва Финландия ташкил медиҳанд.
Ҳаргуна тавофуқ дар саммити Брюксел танҳо бо мувофиқаи ҳамаи 27 кишвари узв ба даст хоҳад омад. Ин дар ҳоле аст, ки ихтилофи кунунӣ миёни сарони Иттиҳодияи Аврупо танҳо ба миқдори кӯмакҳои иқтисодӣ ё таъйини саҳми қарзҳо ва субсидияҳо маҳдуд намешавад. Баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳодия пофишорӣ доранд, ки додани кӯмаки иқтисодӣ бояд бо шарти риояти «ҳукумати қонун» дар кишварҳои узв шавад. Амре, ки ба таври хос бо эътирози Венгрия ва Лаҳистон рӯбарӯ шудааст.
Шуморе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар ин бовар ҳастанд, ки давлатҳои ростгарои Венгрия ва Лаҳистон ислоҳоте анҷом додаанд, ки «ҳукумати қонун» — ро зери савол бурдааст.
Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия рӯзи якшанбе бо интиқод аз таъйини шарт барои додани кӯмаки иқтисодӣ ба кишвараш, Марк Рютте, ҳамтои Нидерландии худро муттаҳам кард, ки дар пайи «танбеҳи молӣ» — и Венгрия аст.
Аз тарафи дигар гурӯҳи кишварҳои Нидерландия, Австрия, Шветсия, Дания ва Финландия бар лозим будани ислоҳоти сохторӣ дар кишварҳои узв дар ивази гирифтани кӯмаки иқтисодӣ таъкид мекунанд. Чизе, ки сарони Италия ва Испанияро нигарон кардааст. Ҷозеппе Конте ва Педро Санчез, нахуствазирони Италия ва Испания нигарон ҳастанд, ки дар оянда ва пас аз гирифтани кӯмаки иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо бино ба дархости панҷ кишвари Нидерландия, Австрия, Шветсия, Дания ва Финландия ба иҷрои ислоҳи қонуни кор ё қонуни нафақаи кишваршон шаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

