Thursday, April 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳоҷирон дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот доданд

Муҳоҷирон дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот доданд

Дирӯз, 21 июл дар шаҳри Подолски вилояти Маскав муҳоҷирони роҳрӯб (дворник) аз Осиёи Марказӣ кӯдакеро, ки аз қабати чоруми бино афтод, наҷот додаанд. 

Дар ин бора шабакаи НТВ хабар дод.

Гуфта шуд, ки ин кӯдак аз тирезаи хонаашон афтида, тақрибан 15 дақиқа дар карнизи бино дармонд. Дар видеое, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, ки кӯдак нолаву фиғон дорад ва занони ҳамсоя кӯшиш доранд, ки ӯро ором кунанд. Дар ин байн роҳрӯбон дар поён кӯрпаеро паҳн карда, ҳамакаса медоранд. Дар ниҳоят кӯдак аз карниз канда шуда ба замин афтод, вале хушбахтона, муҳоҷирон тавонистанд ӯро бо кӯрпа бидоранд ва аз марги ногузир наҷот диҳанд.

Яке аз ин роҳрӯбон гуфтааст, дар хонае, ки ин кӯдак афтод, ду кӯдак зиндагӣ доранд. Сабаби фалокат бепарвоии модари онҳо шудааст, ки дар он соат хоб будааст. Пулис гуфт, ки ӯ маст буд. Ин зан танҳо баъди 4 соат ба кормандони пулис дарро кушодааст. Нисбати ӯ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки вилояти Маскав Ксения Мишонова хабар додааст, ки ин зан дар ягонҷо кор намекард ва дар қайди мақомот қарор дошт. Мишонова гуфта, ҳарду кӯдакро ба бемористон бурдаанд ва мақомот бояд акнун дар мавриди сарнавишти минбаъдаи онҳо тасмим бигиранд. Имкон дорад, ки модари майзада ва нисбат ба тақдири фарзандон бепарворо аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular