Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши шумори парвозҳои чартерӣ ба Русия

Афзоиши шумори парвозҳои чартерӣ ба Русия

Бино ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Маскав шумораи парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани шаҳрвандон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон зиёд карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар як ҳафта аз шаҳри Маскав ба самти Душанбе 10 парвоз анҷом дода мешавад.

Тибқи иттилои додаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба расонаҳо “Ҳамарӯза ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як рӯз пас тайёраи ширкати “Тоҷик Эйр” аз шаҳри Маскав парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд. Бо ҳар парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” 184 мусофир ва “Тоҷик Эйр” 216 мусофир ба ватан бармегарданд”.

Тибқи иттилои манбаъ то имрӯз тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ватан баргардонида шуданд.

Аз 25-уми июн то имрӯз аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия беш аз 30 парвози чартерӣ анҷом дода шудааст.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки қисми зиёди шаҳрвандон аз гурӯҳҳои афзалиятнок – беморон, занони кӯдакдор ва ҳомила, пиронсолон ва дигарон ба ватан бозоварда шуданд.

Акнун шаҳрвандони одӣ низ метавонанд бо истифода аз парвозҳои чартерӣ ба ватан баргарданд. Танҳо мушкил қимати билетҳост, ки аз 500 то 800 доллар фурӯхта мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular