Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз боздошти узви собиқи Риёсати олии ҲНИТ Исломуддин Файзалӣ . Дар баёния Кумита гуфта мешавад “4 рӯз пеш яке аз ниҳодҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон ин руҳонии тоҷикро боздошт намуда, ба ҷойи номаълуме бурдаанд ва наздиконаш ҳанӯз аз маҳалли ӯ ҳеч хабаре надоранд”.
Дар баёнияаш КШНГЗСТ озодии фаврии Исломуддин Файзалиро талаб кардааст.
Матни баёнияи кумита ба шакли зер аст:
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо маҳкум кардани боздошти Исломуддин Файзалӣ, узви собиқи Риёсати олии ҲНИТ аз сӯи яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ин мақомот мехоҳад бо эълони макони Исломуддин Файзалӣ ва вазъияти ӯ барои бастагонаш, ин руҳонии тоҷикро фавран озод кунанд.
Бино бар иттилоъи яке аз бастагони Исломуддин Файзалӣ — зодаи ноҳияи Ховалинг, узви собиқи Риёсати олии ҲНИТ ва Академияи ин ҳизб, 4 рӯз пеш яке аз ниҳодҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон ин руҳонии тоҷикро боздошт намуда, ба ҷойи номаълуме бурдаанд ва наздиконаш ҳанӯз аз маҳалли ӯ ҳеч хабаре надоранд.
Гуфтанист, пас аз қатъи фаъолияти ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон дар соли 2015, Исломуддин Файзалӣ аз он сана ба ин сӯ дигар узви ин ҳизб набуд ва ҳеч фаъолияте ҳам дар ин ҳизб надошт. Ва ҷойи тааҷҷуб аст, ки ба кадом далел ӯро боздошт кардаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ба шиддат маҳкум кардани боздошти Исломуддин Файзалӣ, аз ин мақомот мехоҳад бо эълони макони Исломуддин Файзалӣ ва вазъияти ӯ барои бастагонаш, ин руҳонии тоҷикро фавран озод кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

