Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҒанӣ: ба зудӣ 5 ҳазор зиндонии дигар Толибон озод хоҳанд шуд

Ғанӣ: ба зудӣ 5 ҳазор зиндонии дигар Толибон озод хоҳанд шуд

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфт “барои нишон додан тааҳҳуд давлат ба сулҳ ва бо оғоз гуфтугӯҳои байниафғонӣ ва барқарории сулҳи пойдор дар кишварамон ба зудӣ раванд озодии 5 ҳазор зиндонии Толибон такмил хоҳад шуд. 

Вай афзуд: «бо ин иқдом, мо муштоқона мунтазири шурӯъи музокироти мустақим бо Толибон дар як ҳафта оянда ҳастем. Мо аз Толибон мехоҳем, ки дар ҷадвали музокира ба мо бпайванданд ва ба суръати фаврӣ оташбаси доимӣ ва ҷомеъро роҳанжозӣ кунанд. Аз замони имзои тавофуқнома дар 29 феврал токунун 3560 нируи амниятӣ ва дифоъӣ кушта ва 6 ҳазор ва 781 тан дигар дар даргирӣ бо Толибон захмӣ шуданд. Шуморе аз нерӯҳои афғон тавассути Толибон ба асорат гирифта шуданд». 

Вай таъкид кард, ки давлати Афғонистон интизор дошт, ки бо имзои тавофуқномаи сулҳ бо Амрико Толибон ба сулҳ гом бардорад, аммо Толибон ба ҷанг идома додаанд. 

Дар ҳамин ҳол, Толибон низ эълон кард то поёни Иди Қурбон ҳеҷ ҳамалоте ба нерӯҳои давлат анҷом нахоҳад дод.

Гуфтанист, давлати Афғонистон то кунун беш аз 4400 зиндонии Толибонро озод карда ва Толибон низ то кунун беш аз 800 гаравгонро раҳо кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular