Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши содирот ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар даврони коруно

Афзоиши содирот ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар даврони коруно

Дар шаш моҳи гузашта савдои хориҷии Тоҷикистон на танҳо афзоиш ёфта, балки таносуби содироту воридот низ ба нафъи аввалӣ тағйир кардааст. Хадамоти гумрук аз афзоиши 19 дарсадии содирот хабар медиҳад.

Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода имрӯз, 30 июл дар нишасти матбуотиаш эълом кард, ки ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2,14 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 млн доллар бештар аст.

Ӯ гуфт воридот 51,5 млн доллар ё 3,3% камтар шуда ба 1,5 млрд доллар баробар гаштааст.  Дар ҳамин бо афзоиши 19,1% дарсадӣ, ба гуфтаи Каримзода, аз ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷӣ “640,7 млн доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ҳамин давраи соли пешин 102,6 млн доллар бештар аст”. 

Дар ин давра харидорони молу маҳсулоти Тоҷикистон Туркия (16,3% аз ҳаҷми умумии содирот), Қазоқистон (13,3%), Афғонистон (6,2%), Ӯзбекистон (4,4%), Чин (2,7%) , Русия (2,6%) , Белгия (2,1%) ва Италия (1,2%) дониста шудаанд.

Гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии содирот 21,3% ё 136,6 млн доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 504,1 млн доллар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Каримзода гуфт “дар қиёс бо 6 моҳи соли 2019 имсол ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба Ӯзбекистон ба миқдори 55,2 млн доллар, Чин — 10,5 млн, Эрон — 7,3 млн ва Қазоқистон — 6,6 млн доллар кам шуд”, — илова кард Каримзода.

Таносуби воридоту содирот ҳам дар ин давра ба таври чашмрасе тағйир кардааст. Сардори Хадамоти гумрук қайд кард, ки дар сохтори умумии гардиши молу маҳсулот ҳиссаи воридот 70,1% ва содирот — 29,9%-ро ташкил медиҳад.

Давоми ин ним сол Тоҷикистон бо 106 кишвари дунё муомилоти молу маҳсулот анҷом додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular