Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХабарнигори «Настоящее время»дар Тоҷикистон аз аккредитатсия маҳрум шуд

Хабарнигори «Настоящее время»дар Тоҷикистон аз аккредитатсия маҳрум шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони «Настоящее Время», як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро аз аккредитатсия ё парвонаи кор маҳрум кард. Дар ин бора мақомот рӯзи 4-уми август намояндаи дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе расман огоҳ намудаанд.

Муҳлати иҷозаи кори Анӯшервон Орифов рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале масъулони вазорат онро дароз накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз нашри ду матлаби вобаста ба равишҳои таблиғи эҳтимолии пеш аз интихоботи президентӣ дар пойгоҳҳои Радиои Аврупои Озод/Радио Озодӣ норозӣ ҳастанд ва онро «муғризона» медонанд. Муаллифи яке аз ин матлабҳо Анӯшервон Орифов аст.

Қарор аст, тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад, аммо санаи дақиқи он ҳанӯз эълон нашудааст. Новобаста аз ин, дар ин давра сафарҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар афзуд ва бозтоби сафарҳои ӯ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шуд.

Соли 2016 баъд аз нашри хабаре дар бораи соҳиби мақом шудани яке аз духтарони раиси ҷумҳур дар Вазорати умури хориҷӣ, парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодиро дар Душанбе бозхонд карда буданд.

Дар ҳоли ҳозир вазорат аз додани парвонаи кор ба чандин корманди Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular