Sunday, April 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСеяки аҳолии Афғонистон ба COVID-19 гирифтор шудаанд

Сеяки аҳолии Афғонистон ба COVID-19 гирифтор шудаанд

Вазорати тандурустии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми август бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории «Франс-пресс», Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular