Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКишварҳои аврупоӣ карантинро бармегардонанд?

Кишварҳои аврупоӣ карантинро бармегардонанд?

Бо ҳамлаи мавҷи дувуми вируси куруно ба Аврупо, бархе аз кишварҳо ҳамчун Испания маҷбур ба азсаргирии карантин ва эъмоли маҳдӯдиятҳои шадид шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи бритониёии «Daily Mail», давлати Юнон низ ҳушдор дод, дар сурати афзоиши нигаронкунандаи омори рӯзонаи ибтило ба куруно дар ин кишвар, маҷбур ба вазъи маҳдудиятҳои ҷадиде ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюи ин вирус мешавад.

Юнон рӯзи чаҳоршанбе 121 мавриди ҷадиди ибтило ба куруно дар ин кишварро сабт кардааст, ки ин болотарин омори рӯзонаи ибтило аз 22 апрел то кунун маҳсуб мешавад.

Иттиҳодияи пизишкони Олмон ҳам тасреҳ кард, ки ин кишвар дар буҳбуҳаи мавҷи дувуми куруно қарор гирифта ва омори ибтило ба ин вирус рӯзона дар ин кишвар ба таври миёнгин ба 730 мавриди ҷадид дар ҳафтаи ҷорӣ афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки омори ибтило ба вируси куруно дар Олмон ду ҳафта қабл аз он, ба таври миёнгин 460 маврид дар рӯз будааст.

Кумитаи олии илмии Фаронса ҳам эълом кард, ки мақомҳои ин кишвар бо афзоиши шадиди мавориди ҷадиди ибтило ба куруно даст ба гиребон ҳастанд, чаро ки дар Фаронса рӯзона як ҳазору 219 мавриди ҷадиди ибтило ба куруно ба сабт мерасад.

Ин дар ҳоле аст, ки миёнгини омори ҳафтагии ибтило ба куруно дар ин кишвар ду ҳафта қабл, 719 маврид будааст.

Ин ахбор мабнӣ бар эҳтимоли эъмоли муҷаддади маҳдудиятҳои куруноӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки даври қаблии ин маҳдудиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ муҷиб шуд, рукуди иқтисодӣ дар ин кишварҳо афзоиш ёбад.

Идораи омори кишварҳои ҳавзаи евро «Eurostat » ҷумъа 31 июл дар тозатарин гузориши худ эълом кард, рукуди иқтисодӣ дар ин кишварҳо ва дар се моҳаи дувуми сол ба бештарин мизон дар чоряк қарни ахир ба сабт расидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular