Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавҷи дуввуми коруно Аврупоро фаро мегирад

Мавҷи дуввуми коруно Аврупоро фаро мегирад

Роҳбарияти Вазорати тандурустии Фаронса  шумораи шахсони сироятёфтаро дар 24 соати охир арзёбӣ кард. Ин рақам ба 1700 ҳомили вируси ба тозагӣ ошкоршуда наздик шудаст

Тавре Евронюс хабар медиҳад, мақомоти Фаронса барои пешгирӣ тасмим доранд карантини дубора ҷорӣ кунанд, аммо то ҳол ин кӯшишҳо ба пешгирии эпидемия таъсири ҷиддӣ накардаанд. 

Дар тамоми шаҳрҳои курортӣ пӯшидани ҳатмии ниқобҳо ҷорӣ шудааст, аммо дар маҳаллаҳои барои сокинон дилкаш ва дар соҳилҳои Сена кам одамоне ҳастанд, ки  фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Кишвари Испания низ дар вазъияти ҳамсон қарор дорад, ҳатто шумораи сироятёфтагон мувофиқат мекунад ва ҳам ин ки ин рақам аз замони лағви чораҳои маҳдудкунанда ду моҳ пеш ба ҳади рекордӣ расидааст.

Вазъи санитарӣ ва эпидемиологӣ дар пойтахти шоҳигарии Иберия ва он чи дар ҷазираҳои Балеария сурат мегирад, боиси нигаронии бештар шудааст. Ҳафтаи гузашта Британия  барои афроде, ки аз Испания бозмегарданд, карантини ҳатмӣ ҷорӣ кард.

Дар Германия бошад шумораи сироятёфтагон аз 214 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳукуматдорони Германия мегуянд, чораҳои андешидаи онҳо барои пешгирии корнавирус гоҳе натиҷа надода истодааст. 

 Ҳукуматдорони Аврупо талаб мекунанд, ки ҳама сафарҳо ба Белгия лағв карда шаванд, зеро дар Антверпен манбаи хуруҷи шадиди эпидемияи COVID 19 ба вуҷуд омадааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular