Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОксфам макотибу бунгоҳҳои Панҷакенту Айниро зиддиуфунӣ мекунад

Оксфам макотибу бунгоҳҳои Панҷакенту Айниро зиддиуфунӣ мекунад

Созмони Оксфам бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо ба 47 бунгоҳи тиббӣ ва 53 мактаби ҳамагонии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент бастаи маводи зиддиуфунӣ медиҳад.

Ин бастаҳо ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 тақдим мешаванд ва арзиши умумии кумакҳо ба беш аз 287 ҳазор сомонӣ, муодили 28 ҳазор доллар мерасад.

Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 10-уми август гуфт, аз ин иқдом зиёда аз 75 ҳазор сокини деҳот ва тақрибан 17 ҳазор хонандаву омӯзгор баҳра хоҳанд бурд.

Ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории ҳамагир сурат гирифта, Оксфам тасмим дорад, дар мубориза ба зидди такроран паҳн шудани пандемия саҳм гузорад.

Иттиҳоди Аврупо аз оғози пандемияи коронавирус барои пешгирӣ аз густариши короновирус ба қадри 47 миллион евро грант ва ё кумакҳои билоиваз ҷудо кард.

Ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон, кишвару созмонҳои байнулмилалии молӣ аз оғози пандемияи коронавирус ба кишвар беш аз 300 доллар қарзу грант додаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular