Tuesday, February 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶинелла Масса аввалин рӯзноманигори ҳиҷобпуши шабакаи телевизионии Канада

Ҷинелла Масса аввалин рӯзноманигори ҳиҷобпуши шабакаи телевизионии Канада

Ҷинелла Масса, як рӯзноманигори муқими Канада, дар таърихи ин кишвар аввалин бор бо либоси исломӣ ва ҳиҷоб бар сар дар шабакаи телевизионии Торонто CityNews иҷозаи баромад карданро гирифтааст.

Масса аз соли 2010 инҷониб ба сифати рӯзноманигор фаъолият намуда аз аввали соли 2015 хабарнигори радио будааст.

Одатан ӯ дар бораи зиндагии мусулмонони муқими Амрико барнома омода мекардааст.

Чанде пеш ӯ ҳамчун ровии барномаи телевизионӣ ба кор шуруъ намудааст.

 

 

 


Ин хабарро Ҷинелла  Масса дар саҳифаи   худ навишта гуфтааст: «Ташаккури зиёд барои чунин имконият, махсусан замоне, ки муносибати дунёи муосир ба мусулмонон мусбат нест. Замони пешро ба хотир оварда акнун ман дарк мекунам,  духтароне, ки мисли ман ҳастанд, барои ба мақсад расидан ягон монеъ надоранд!».

Ӯ қаблан дар шабакаҳои телевизионии CityNews, CTV, Newstalk 1010 и Rogers Television фаъолият кардааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular