Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигарониҳо аз афзоиши ҷиноятҳо байни ноболиғон

Нигарониҳо аз афзоиши ҷиноятҳо байни ноболиғон

Афзоиши ҳодисаҳои ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ ҳукумат ва чомеаро нигарон кардааст. Дар ин хусус дар Барномаи миллӣ оид ба пешгирии қонуншиканӣ байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 сухан меравад.

Муаллифони санад бо истинод ба омори расмӣ қайд мекунанд, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 904 расид ва соли 2019 — 873 ҷинояти ноболиғон сабт шуд.

Дар Барнома таъкид мешавад, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 14 339, соли 2018 — 16 035 ва соли 2019 — 16 923 қонунвайронкунии маъмурӣ сабт шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи маълумоти оморӣ, 80%-и қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон содир мегардад, ки пас аз гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ пас аз синфи 9 дар ҳеҷ куҷо дигар на таҳсил мекунанду на кор.

“Аз ҷараёни кору таҳсил дур мондани ноболиғон, мушкилоти равонӣ, хушунат дар оила ва ҷомеа, бо манзил таъмин набудан, вобастагӣ ба машрубот ва маводи нашъаовар сабабҳои манфии ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон буда метавонанд”, — омадааст дар Барнома.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular