Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркманҳо ҳам алайҳи Лукашенко эътироз кардаанд

Туркманҳо ҳам алайҳи Лукашенко эътироз кардаанд

Рӯзноманигори рус Семён Пегов, ки дар Беларус боздошт шуда буд, 11-уми август озод шуд. Ӯ хабар дод, ки ҳамроҳи вай чанд шаҳрванди Туркманистон ва кишварҳои дигар низ дар ҳабс буданд.

Ин шаҳрвандони хориҷӣ ва рӯзноманигори русро 10-уми август дар ҷараёни эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Беларус дар шаҳри Минск дастгир кардаанд.

«Боздоштгоҳҳо «лабрез» шудаанд. Рӯйхати умумие вуҷуд надорад. Шахсеро дар ин боздоштгоҳҳо пайдо кардан имкон надорад. Ҳамроҳи мо дар боздоштгоҳ шаҳрвандони Итолиё, Швейтсария, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам буданд. Онҳо низ ҳоло кумак мехоҳанд», — гуфтааст рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳои Русия.

Дар ҳамин ҳол «Хроника Туркменистана» бо истинод ба манбаи худ иттилоъ додааст, ки вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии Беларус ҳамтоёни туркмани худро аз боздошт шудани 11 донишҷӯи Туркманистон дар рафти эътирозҳо огаҳ кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular