Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМанбаъ: Ҳамсар ва писари Ҳаит дар Додситонии кулл ҳастанд

Манбаъ: Ҳамсар ва писари Ҳаит дар Додситонии кулл ҳастанд

Як манбаъ иттилоъ дод, ки Савринисо Ҷӯраева ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит ва писараш Фирӯз дар Додситонии кулл ҳастанд.

Ин манбаъ гуфт онҳоро зӯҳри имрӯз ба онҷо бурдаанд. То ин вақт онҳо дар бинои КДАМ нигоҳдорӣ мешудаанд.

Аммо манбаи мо Ҷамшед Ёровро надидааст ва ӯ шояд дар бинои КДАМ бошад.

Ёдовар мешавем, ки зӯҳри дирӯз Савринисо Ҷӯраева ҳамроҳи писараш аз тарафи кормандони КДАМ боздошт шуда буд. Аммо КДАМ то ҳанӯз аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунад ва мегӯяд, ки кормандонаш дар ҳодисаи боздошти ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит даст надоранд.

Ба суоли яке аз хешовандони онҳо, ки агар шумо даст надоред, чаро кофтукоб намекунед, масъули КДАМ посух додааст, ки касе бо ин дархост ба онҳо муроҷиъат накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular