Як манбаъ иттилоъ дод, ки Савринисо Ҷӯраева ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит ва писараш Фирӯз дар Додситонии кулл ҳастанд.
Ин манбаъ гуфт онҳоро зӯҳри имрӯз ба онҷо бурдаанд. То ин вақт онҳо дар бинои КДАМ нигоҳдорӣ мешудаанд.
Аммо манбаи мо Ҷамшед Ёровро надидааст ва ӯ шояд дар бинои КДАМ бошад.
Ёдовар мешавем, ки зӯҳри дирӯз Савринисо Ҷӯраева ҳамроҳи писараш аз тарафи кормандони КДАМ боздошт шуда буд. Аммо КДАМ то ҳанӯз аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунад ва мегӯяд, ки кормандонаш дар ҳодисаи боздошти ҳамсар ва писари Муҳаммадалӣ Ҳаит даст надоранд.
Ба суоли яке аз хешовандони онҳо, ки агар шумо даст надоред, чаро кофтукоб намекунед, масъули КДАМ посух додааст, ки касе бо ин дархост ба онҳо муроҷиъат накардааст.