Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумат афзоиши муҳоҷиратро пешбинӣ кардааст

Ҳукумат афзоиши муҳоҷиратро пешбинӣ кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди густариши вируси корона афзоиши муҳоҷират таи се соли наздик ба Русияро пешбинӣ кардааст.

Бар асоси ин барнома таи солҳои 2021 то 2023 раванди муҳоҷирати тоҷикон барои кор ва зиндагӣ дар Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Аммо барномаи ҷойгузин кардани Русия ва тағйири масири сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба дигар кишварҳо аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ ба ҷое нарсидааст ва танҳо теъдоди андаке аз тоҷикҳое, ки шаҳрвандии русӣ доранд муваффақ ба вуруд ба Кореяи Ҷанубӣ шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия зиёда аз як миллион нафар  тоҷикҳо ба унвони коргарони муҳоҷир фаъолият мекунанд ва ба далели густариши вируси корона ҳазорон нафар шуғли худро аз даст додаанд.

Айюб Эгамов- иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки Тоҷикистон ба далели доштани суръати болои афзоиши аҳолӣ ва набуди барномаи илмии эҷоди ҷои корӣ, наметавонад ниёзи  бозори кори худ ба неруи ҷавон ва мутахассисро таъмин кунад.  Аз ин рӯ Русия дар ҳар шароит танҳо кишвари муҳими пазирои коргарони муҳоҷири тоҷик таи солҳои оянда боқӣ хоҳад монд.

Коршиноси дигари иқтисодӣ Абудманнон Шералиев аммо мегӯяд ин пешбинӣ бедарназардошти вазъи Русия гуфта шудаааст. Ӯ мӯътақид аст, ки дар се соли ояндимкони муҳоҷирпазирии Русия ду баробар камтар хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular