Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБо пули норвегҳо ва кӯмаки СБМ муҳоҷирони тоҷик ба ватан расиданд

Бо пули норвегҳо ва кӯмаки СБМ муҳоҷирони тоҷик ба ватан расиданд

Созмони байналмиллалии муҳоҷират беш аз 200 коргари муҳоҷири тоҷик, ки дар марзи Қазоқистон ва Узбакистон гирифтор шуда буданд, 16-август тавассути автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, ин шаҳрвандон ба далели баста шудани марзи муштараки Қазоқистон ва Узбакистон саргардон буданд, ки бо ҳамоҳангиҳои ба амаломада миёни Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ин ду кишвар ва мусоидати Созмони байналмиллалии муҳоҷират ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳазинаи интиқоли ононро ҳукумати Норвегия таъмин кардааст.

Бо мусоидати Созмони байналмиллалии муҳоҷират то ба ҳол беш аз ҳазору 800 коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик дар Русия бар асари густариши вируси корона аз тариқи масири заминӣ аз Қазоқистон ва Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Ба далели қатъи парвозҳо ва баста шудани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, теъдоде аз ин афрод пас аз таътили марокизи тавлидӣ ва тиҷории Русия ба далели густариши вируси корона ва аз даст додани шуғли худ маҷбур шудаанд аз роҳи заминӣ ба Қазоқистон, Узбакистон ва дар ниҳоят ба Тоҷикистон бирасанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular