Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоРоҳбари Наҳзати Тунис барандаи ҷоизаи сулҳи Гондӣ

Роҳбари Наҳзати Тунис барандаи ҷоизаи сулҳи Гондӣ

Ҷои заи имсоли сулҳи Гондӣ дар як маросими бошукуҳ дар Ҳинд ба раҳбари Ҳаракати Наҳзати Тунис , шайх Рошид Ғанушӣ супурда шуд. Ин ҷоиза ба хотири ба натиҷа расидани инқилоби мусолиматомези мардуми Тунис ба Рошид Ғанушӣ дода шуд. Ҷоизаи сулҳи Гондӣ пеш аз ин ба Нелсон Монделло низ дода шуда буд.

Аммо Раҳбари наҳзати Тунис дар суханронии худ таъкид кардааст, ки ин ҷоизаи ӯ нест, балки ин ҷоиза ба тамоми миллати Тунис тааллуқ дорад. Агар ирода ва таҳаммулпазирии миллат набуд, мо муваффақ намешудем, таъкид кардааст раҳбари Тунис.

Ӯ таъкид намуд, ки: “мо ба шиддат мухолифи ҷудоӣ миёни мардум ҳастем. Барои мо кишвар аз мақом ва мансаб болотар аст. Ба ҳамин хотир Наҳзат ҳатто ҳозир шуд аз қудрат канор биравад, аммо озодиву арзишҳои демократӣ дар Тунис осеб набинанд”.

Ғанушӣ дар ҷаҳони ислом  бо андешаҳои миёна ва дидгоҳҳои сиёсии ҷадидаш мавриди таваҷҷуҳи хосс аст. Ба хусус пас аз “баҳори арабӣ” ӯ тавонист бо мавқеъгириҳои дурандешона  субот ва оромии Тунисро ҳифз кунад.

Ӯ яке аз шахсиятҳое аст, ки боварӣ дорад ислом бо озодӣ ва демократия мухолифате надорад, балкӣ арзишҳои исломӣ метавонанд заминаи озодиву демократияро дар ҷомеа фароҳам намоянд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика