Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШурӯъи рейдҳо алайҳи муҳоҷирон дар Маскав ва иқдоми сутудании муовини консули Тоҷикистон

Шурӯъи рейдҳо алайҳи муҳоҷирон дар Маскав ва иқдоми сутудании муовини консули Тоҷикистон

16 сентябр мӯҳлати будубоши имтиёзноки муҳоҷирон дар Русия тамом шуд ва пулиси Маскав ба амалиёти густардаи боздошти муҳоҷирон шурӯъ кард. Навори фиристодаи хонандагони Паём аз дирӯз, 17 сентябр нишон медиҳад, ки танҳо дар назди метрои Тёплий Стан беш аз даҳ мусофирбари махсуси пулис истодаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд тнаҳо додгоҳҳои Маскав дар аввалин рӯзи амалиёти анҷоми мӯҳлати будубоши имтиёзнок қарори истирдоди беш аз 60 муҳоҷир аз Русияро содир кардаанд. 

Як хонандаи Паём дар тамоси телефонӣ гуфт, ки шумори боздоштшудаҳо танҳо аз бозори Тёплий Стан ба садҳо мерасад ва шӯъбаҳои пулиси қисми ҷануб-шарқи Маскав аз муҳочири боздоштшуда пур шудааст. Аз ҷумла ба шӯъбаҳои пулиси Бутино, Коммуналка, Тёплий Стан, Конково, Зюзина, Нагаткина ва ғайра бо 20 мусофирбар муҳоҷири боздоштшуда кашондаанд, мегӯяд ин хонанда.

Тибқи иттилоъи Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон даҳҳо муҳоҷирро ба шуъбаи пулиси «Академический», воқеъ дар кӯчаи Большая Черемушкинская, бинои №24, корпуси 2 бурдаанд.

Бо фарқ аз боздоштшудаҳо дар шӯъбаҳои дигар ба кӯмаки ин гурӯҳ ноиби аввали консули Тоҷикистон Парвиз Назарзода ва ёрдамчии Валентина Чупик Муҳаммад Собиров расида тавонистаанд то нимашабӣ ҳамаи онҳоро наҷот диҳанд.

Ба гуфтаи Валентина Чупик ноиби консули Тоҷикистон Парвиз Назарзода то замони озодшавии охирин муҳоҷир шӯъбаи пулисро тарк накардааст. Ин амали ӯро Чупик “қаҳрамонӣ” номида аз ӯ чун “консули ҳақиқӣ” тавсиф кардааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular