Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯшониёну Вахш аз барқ 82,5 қарздоранд

Кӯшониёну Вахш аз барқ 82,5 қарздоранд

Аҳолӣ, ташкилоту идора ва корхонаҳои ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш аз ҳаққи истифодаи қувваи барқ зиёда аз 82 миллиону 554 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд

Шабакаҳои барқи ноҳияи Кӯшониён хабар доданд, ки то якуми сентябри соли ҷорӣ аҳолӣ ва корхонаҳо аз ҳаққи истифодаи қувваи барқ 34 миллиону 828 ҳазору 454 сомонӣ қарздоранд, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.

Тибқ иттилои манбаъ, аз ин қарз 34 миллиону 225 ҳазору 558 сомониаш аз корхонаҳо ва 602 ҳазору 896 сомониашро қарзи аҳолӣ ташкил медиҳад.

“Қарзи неруи барқ аз аҳолӣ ва корхонаҳо дар ноҳияи Вахш 47 миллиону 772 ҳазору 644 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 24 миллиону 590 ҳазораш аз аҳолӣ ва 19 миллиону 698 ҳазораш аз корхонаҳо мебошанд”, — таъкид доштаанд масъулони  шабакаҳои  барқи ноҳияи Вахш.

Дар ҳамин ҳол, ҳарду ниҳод қайд карданд, ки дар ҳама фасли сол бе мушкили барқро ба муштариён таъмин мекунанд, аммо мутассифона маблағи  истифодаи барқ  саривақт пардохт намешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular