Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмону Трамп ва вируси интихобот

Раҳмону Трамп ва вируси интихобот

Доналд Трамп, раисҷумҳури қудратмандтарин кишвари ҷаҳон зери бори мавҷи интиқодҳо қарор гирифтааст. Гирифтории ӯ ба вируси коруно агар худашро аз по дарнаоварад, ҳади ақал маъракаи интихоботиашро бо мушкил рӯбарӯ кардааст ва шонси пирӯзиаш дар интихоботи қарибулвуқӯи Амрикоро камтар мекунад. 

Дар ҳоле, ки Амрико шадидан бо вирус даст ба гиребон аст, баҳси амалкарди Трамп дар қиболи коруно боиси гуфтугӯҳои зиёде шудааст ва гирифтории худи ӯ, ки аз авал ба вирус беъэтино буд, ба баҳси интихобот дар замони пандеми равған рехт. Ҳоло ҳарфҳое ҳам садо медиҳанд, ки раисҷумҳури Амрико бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ӯро дар шайӯъи босуръати коруно дар ИМА гунаҳкор мекунанд. 

Интихобот дар замони пандеми ва амалкарди раисҷумҳур дар қиболи он танҳо хоси Амрико нест. Яке аз қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон ҳам дар замони пандемӣ ва чанд рӯз қабл аз Амрико интихобот дорад. Ва раисҷумҳури ин кишвар ҳам дар фарогир шудани вирус дар кишвараш дасти мустақим дошт. Бештар аз Трамп ва бемасъулиятонатар аз ӯ. Ин кишвар Тоҷикистон аст. 

Трамп ҳам то ҳамин чанд рӯз қабл, дақиқтараш як рӯз қабл аз тасдиқ шудани гирифториаш ба коруно, бо тамасхур ба он муносибат мекард. Дар баҳс бо рақиби интихоботиаш Ҷо Байден ба ӯ таъна зад, ки Байден ҳамеша моск мепӯшад ва бузургтарин москро, ки Трамп дидааст. 

Раисҷумҳури Амрико, ки рӯзи ҷумъа ба беморхонаи низомӣ мунтақил шуда буд, дирӯз барои хайрамақдам гуфтани тарафдорони барои дастгирии ӯ ҷамъомадааш аз бемористон хоиҷ шуд ва аз дохили мошин ба онҳо дастафшонӣ кард. Ин амалкарди ӯ мавҷи нави интиқодҳои табибону сиёсатмадорон ва васоити ахбори умумро барангехт. Яке аз табибони муолиҷакунандаи ӯ гуфт, ки “зоҳиран Трамп ҳанӯз ба ҷиддияти вирусе, ки гирифтор шудааст, пай намебарад”. Ӯ ҳамчунин бо шиддат аз раисҷумҳури кишвараш интиқод кард, ки метавонад ронандаи мошин ва ду нафари дигаре, ки дар мошинаш ҳузур доштанд, олуда созад. 

Расонаҳо ҳам ин кори Трампро бемасъулиятии комили расиҷумҳури Амрико хонда гуфтаанд, ки ӯ ҳамчунин метавонад муҳофизони худашро сироят намояд ва ҷони онҳоро ба хатар афкандааст. 

Трамп, ки дар аввал вирусро ҷиддӣ намегирифт, чанде пас хост аз он сӯистифода кунад. Ӯ даъват кард интихобот то замони номуайяне ба таъхир гузлшта шавад, аммо ин даъваташ на танҳо қабул нашуд, балки мавҷи бузурги эътирозҳо алайҳашро бархезонд. 

Раисҷумҳури Амрико муваффақ нашуд, аммо раисҷумҳури Тоҷикистон тавонист аз вуҷуди пандемӣ сӯистифода кунад. Бо ин баҳона, ки дар сардиҳои моҳи ноябр шуйӯъи вирус метавонад шадидтар шавад, ӯ интихоботро ба як моҳ пештар гузаронд. Албатта бовар кардан ба ин ҳарфҳо ва хавотирии ӯ аз гирифтории мардум мушкил аст. Таъҷил дар интихобот сабабҳои дигаре доранд, ки поёнтар ба он бар хоҳем гашт. 

Бо фарқ аз Трамп, ки ҳарчанд раисҷумҳур аст ҳарфаш на ҳамеша метавонад қабул шавад, ҳарфи Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бечунучаро қонун аст, ҳатто болотар аз қонун. Агар мақомоти дигари Амрико, аз ҷумла мақомоти тандурустии ин кишвар тавонистанд бо ба эътибор нагирифтани ҳарфҳои Трамп, ба мубориза алайҳи коруно бархезанд, мақомоти тоҷик, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ то охирин лаҳза вуҷуди вирусро инкор мекарданд. То замоне, ки Раҳмон маҷбур шуд аз паноҳгоҳаш берун шавад ва шуйӯъи вирус дар Тоҷикистонро эътироф кунад. Албатта ба паноҳгоҳ рафтани ӯ метавонад на танҳо аз тарс бошад. Бархе коршиносон бо дарназардошти овози гирифтаи ӯ баъди хурӯҷаш аз он тахмин зада буданд, ки шояд Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда ба коруно гирифтор гашта аз он табобат гирифтааст. 

Беэътиноии Раҳмон ба вирус ба хотири як ҷашн боис шуд вирус ҳамагӣ дар чанд ҳафта ба тамоми нуқоти кишвар паҳн шавад. Агар дар Амрико расидани вирус аз шимол ба ҷануб чанд моҳ тӯл кашид, дар Тоҷикистон пандемӣ якбора дар саросари кишвар шурӯъ шуд. Сабаби аслии ин ҳам ба гуфтаи коршиносону табибон ин буд, ки барои ҷашни Наврӯз аз тамоми гӯшаву канори кишвар мардумро ҷамъ оварда буданд. 

Ҳоло Раҳмон тасмим гирифтааст бо ҳар қимате интихоботро ҳарчӣ зудтар баргузор кунад ва барои ҳафт соли дигар раисҷумҳур, пешво ва наҷотдиҳанда боқӣ бимонад. Коршиносону табибон ҳушдор медиҳанд, ки участкаҳои интихоботӣ метавонанд маркази шуйӯъи мавҷи нави коруно дар тамоми кишвар шаванд, вале ин садоҳо аз тарси ба ғазаби “пешво” гирифтор шудан танҳо дар маҳофилҳои кӯчак садо медиҳанд. 

Сабаби шитоби Раҳмон дар гузаронидани интихобот маълум аст. Масъулин медонистанд, ки дар кишвар мавҷи дуввуми пандемӣ шурӯъ хоҳад шуд, ки аз мавҷи аввал бузургтар буда, харобиҳои зиёде дар иҷтимоиёту иқтисодиёт хоҳад овард. Ҳамчунин натоиҷи зарбаи шадиди иқтисодӣ, ки коруно ба кишвар ворид кард, тоза рӯ задан доранд. Як моҳ пас ҳам вазъи иҷтимоӣ ва ҳам вазъи иқтисодӣ бамаротиб бадтар аз он хоҳад буд, ки ҳоло дорем. То имрӯз ҳукумат тавонистааст паёмадҳои зарбаи коруно ба иқтисодро пинҳон дорад, аммо дар гумон буд, ки тавонад ин корашро як моҳи дигар идома диҳад. Бинобар ин тасмим бар ин шуд, ки интихобот бо аҷала баргузор гардад. 

Вале ҳатто як моҳ пеш овардани интихобот ҳам ба раисҷумҳури Тоҷикистон кӯмаки чандоне накард. Ҳоло бо вуҷуди кӯшишҳои ҳукумат аввалин натоиҷи таъсири вирус ба иқтисод рӯ задааст ва мавҷи эътирозҳои лафзӣ шиддат гирифтан дорад. Ҳамчунин мавҷи дуввуми пандемии вируси коруно саросари кишварро фаро гирифта, ва ҳар рӯз агар садҳо нафар ҷон медиҳанд. Танҳо мавридҳои расоинаишаванда даҳҳо нафар дар рӯз ҳастанд. Шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дубора аз хабари марги табибу муаллим, афсару хидматчӣ, олиму мутахассис пур шудааст. Танҳо дар як ҳафтаи охир хабари марги қариб даҳ табиб расонаӣ шуд. 

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон бо тамоми васоил мекӯшанд мардумро якшанбеи оянда ба участкаҳои интихоботӣ баранд. Мақомот на танҳо тавассути расонаҳову муаллимону донишӯён ва кормандони буҷавӣ, балки тавассути ширкатҳои мобилӣ аз мардум даъват мекунанд дар интихобот ширкат кунанд. Муштариёни ширкатҳои мобилӣ паёмак дастрас мекунанд, ки дар интихоботи рӯзи 11 октябр фаъолона ширкат намоянд. 

Дар Амрико ҳоло баҳс сари ин аст, ки мардум ба участкаҳои интихоботӣ раванд ё тавассути пусти (почтаи) электронӣ овоз диҳанд. Ва ҳарчанд Трамп муқобили овоздиҳи тавассути интернет аст, бештари мақомот бар ин пофишорӣ доранд, ки бояд интихобот электронӣ бошад. 

Дар Тоҷикистон ин имкон вуҷду надорад. Агар ҳатто вуҷуд медошт, дар гумон буд, ки мақомот ба чунин интихоботе розӣ шаванд. Акнун мардум бояд якшанбеи оянда пои сандуқҳои интихоботӣ равад ва ба бузургтарин хатар мувоҷеҳ шавад. 

Бо дарназардошти шароити участкаҳои интихоботӣ ва шакли баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон, ҳузури як бемор дар бинои овоздиҳӣ метавонад як деҳаро сироят созад. Ҳоло камтар деҳа, шаҳр ё ҳатто маҳаллае дар кишвар вуҷуд дорад, ки чанд нафар бемори коруно надошта бошад.

Ин интихобот, ки натиҷааш аз қабл маълум аст, метавонад мавҷи саввум ва бисёр шадиду кушандаи вирусро дар саросари кишвар ва аксари хонаводаҳо ворид намояд.

Танҳо ба хотири ин ки Раҳмон ба ҷаҳониён нишон диҳад ӯ интихоби мардум буд, ки ӯ ҳафт соли дигар сари қудрат боқӣ монад.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular