Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши коркарди алюминий дар Тоҷикистон

Афзоиши коркарди алюминий дар Тоҷикистон

Дар муддати 8 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон 6,2 ҳазор тонна алюминии аввалияро коркард намуданд.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ъ дода навишт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, аз металли коркардшуда асосан профилҳои алюминии гуногун ва профилҳои пластикӣ истеҳсол шуда, инчунин алюминий дар истеҳсоли техникаи кишоварзӣ истифода мешавад.

Маҳсулот ба Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон  ва давлатҳои Аврупо содирот шудааст.

Таъкид мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 61 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Дар ин давра алюминии аввалия дар ҳаҷми 57,4 ҳазор тонна ба маблағи 924 млн сомонӣ муодили 90 млн доллар асосан ба Аврупо содирот шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар истеҳсоли алюминии аввалия айни замон зиёда аз 5,7 ҳазор нафар машғули кор буда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомонӣ (137 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular