Sunday, March 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти корманди ҷамоъат ва комиссариати ҳарбӣ бо ришва

Боздошти корманди ҷамоъат ва комиссариати ҳарбӣ бо ришва

Агентии зидди фасод аз боздошти ронандаи ҷамоати Султонобод ва корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад. Кормандони Агентии зидди фасод Буйдаков Рустам ва Каримов Файзиддинро боздошт намуданд, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам дониста мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуотии Агентии зидди фасод, Буйдаков дар вазифаи ронандаи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори зершуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Каримов Файзидин моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд  барои ба номи бародари охирин омода карда додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ маблағи 8000 сомонӣ талаб карда, онро дар ду ҳолат гирифта, ба охирин билети ҳарбии қалбакӣ омода карда доданд.

Инчунин, Буйдаков ва Каримов бо ҳамин тарзу усул моҳи июни соли 2020 ба номи шаҳрванди дигар билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбиро бо роҳи сохтакорӣ омода карда доданд.

Манбаъ меафзояд, нисбати Буйдаков ва Каримов бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а», 36 қисми 1 – 391 қисми 1 ва 340  қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular