Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМеркел бо раҳбари опозисиюни Белорус Тихановская мулоқот мекунад

Меркел бо раҳбари опозисиюни Белорус Тихановская мулоқот мекунад

Раҳбари оппозисиюни Белорус Светлана Тихановская ба Берлин сафар кард, то бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва Ҳайку Мосс мулоқот кунад. Раҳбари оппозисиюни Белорус гуфтааст, ки мулоқот бо Меркел барои ӯ хеле муҳим аст.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо пешвои оппозисиюни Белорус Светлана Тихановская мулоқот мекунад. Сухангӯи ҳукумати Олмон Штефан Зайберт гуфт, ки садри аъзам рӯзи сешанбе 6 октябр соати 15 бо вақти Аврупо бо раҳбари опозисиюни Белорус дар дафтари нахуствазир дар Берлин мулоқот хоҳад кард.

Меркел ва Тихановская таҳаввулоти пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус дар моҳи августро баррасӣ мекунанд. Бо ин мулоқот, Меркел ният дорад, ки пуштибонии худро аз муколама ва гуфтугӯ дар Белорус нишон диҳад.

Тихановская гуфтааст, ки мулоқот бо Меркел барои ӯ муҳим аст ва умедвор аст, ки фишори Ғарб ба раҳбари Белорус афзоиш хоҳад ёфт.

Вай инчунин гуфт, ки Олмон ният дорад байни мухолифон ва ҳокимони Белорус миёнаравӣ кунад ва мулоқот бо Меркел барои ҷаҳон паёми махсус дорад.

Қарор аст, Тихановская пас аз мулоқот бо Меркел бо намояндагони Ҳизби Сабз низ дидор кунад.

Светлана Тихановская, раҳбари оппозисиюни Белорус рақиби Александр Лукашенко, дар интихоботи президентии моҳи август ширкат намуд. Вай натиҷаҳои интихоботро қабул накард. Кишварҳои ИА низ натиҷаҳои интихоботро эътироф накарданд ва ахиран алайҳи 40 мансабдори ҳукумат ва низомии Белорус барои фишор овардан ба Лукашенко таҳримот ҷорӣ карданд.

Дар Белорус эътирозҳо алайҳи раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular