Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИфтитоҳи масҷиди марказӣ боз ба таъхир афтод

Ифтитоҳи масҷиди марказӣ боз ба таъхир афтод

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон боз ҳам ба замони дигар мавкул шуд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки қарор буд ин масҷид бо ҳузури меҳмононе аз Қатар ифтитоҳ шавад, аммо густариши вируси корона ин маросимро боз ҳам ба таъхир андохт.

Ин масҷид бо зарфияти пазириши 120 ҳазор намозгузор, бузургтарин маркази динӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Давлати Қатар барои сохти ин масҷид 70 миллион доллар ва ҳукумати Тоҷикистон 30 доллар  доллар сарф карданд.

Тафоҳумномаи сохти ин масҷид миёни Тоҷикистон ва Қатар дар соли 2009 имзо ва сохти он дар соли 2011 оғоз шуд.

Қарор буд ин маркази динӣ дар моҳи марти имсол ва сипас дар рӯзи 9 сентябр, ҳамзамон бо солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон кушоиш ёбад, аммо ба далели шароити коронавирус ин маросим ба таъхир афтод.

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо масоҳати 12 гектар, шомили бахшҳои музей, китобхона, толори ҷаласаҳо, сохтмони идорӣ ва паркинг барои 4 ҳазор мошин аст.

Ин масҷид дорои 4 манора, ҳар як бо баландии 75 метр, гунбади марказӣ бао баландии 47 метр ва 20 гунбади хурд аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, мавзӯи замони сафари шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ба Душанбе барои ширкат дар маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ин кишвар ба беҳбуди авзои коронаӣ бастагӣ дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular