Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия парвозҳо ба ОМ-ро иҷоза дод. Ба ҷуз Тоҷикистон

Русия парвозҳо ба ОМ-ро иҷоза дод. Ба ҷуз Тоҷикистон

Росавиатсия аз 5 октябр бо судури як фармон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия анҷоми парвозҳо ба 24 кишварро иҷозат дод.

Дар байни кишварҳое, ки Русия парвози ҳавопаймоҳоро аз сар мегирад, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон низ ҳастанд. Ба ин тартиб, аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон монд, ки Русия бо он парвози ҳавопаймоҳоро иҷозат надодааст.

Сабаби ба ин рӯйхат дохил накардани Тоҷикистон аз ҷониби Росавиация шарҳ дода нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Душанбе ҳанӯз моҳи июн ба парвозҳо бо Русия иҷозат дода, ба Маскав муроҷиат карда буд, ки марзҳояшро барои анҷоми чунин парвозҳо боз кунад, вале то кунун иҷозати ҷониби Русияро ба даст наовардааст.

Иртиботи ҳавоӣ байни Русияву Тоҷикистон моҳи март дар пайи паҳншавии коронавирус қатъ шуда буд. Дар ҳоли ҳозир байни Русияву Тоҷикистон фақат парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Бо ин парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия овардани муҳоҷирони тоҷик иҷозат дода шудааст, вале аз Тоҷикистон ба Русия асосан онҳое метавонанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд.

Ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон бесаброна мунтазири кушода шудани марзҳои Русия мебошанд, то барои мардикорӣ ба он кишвар бираванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular