Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМинтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба ҷои дигар куҷонида шуд

Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба ҷои дигар куҷонида шуд

Муайян гардид, ки баландшавии сатҳи дарёи Ёхсу ва обхезиҳои қаблан рӯйдода ба як қисми майдони минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ аз тағйири нақшаи МОИ “Кӯлоб” ҷонибдорӣ карда, қарор қабул шуд, ки аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти “Зиракӣ” дар майдони 309,32 гектар замин ҷудо карда шавад. Ин майдони нав дар масофаи 1,3 километр болотар аз ҳудуди мавҷуда қарор дорад.

Ҳукумат охири моҳи август ва парлумон ҳафтаи гузашта қарори ба маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” додани майдони умумии 309,32 гектарро ба тасвиб расонд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Кӯлоб вазифадор гардидаанд, ба ивази заминҳои гирифташуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ заминҳои баробарарзиш пешниҳод намояд. Таъкид шудааст, ки қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ ба минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” танҳо баъди гирифтани ҳосили рӯёнидашуда дода шаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular