Ниҳоди навтаъсиси Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон, ки ба иҷрои қарори додгоҳҳо машғул аст, беш аз ду ҳазор шаҳрвандро аз ҳаққи берун рафтан аз кишвар маҳрум кардааст. Ба гуфтаи мақомот ин афрод аз бонкҳо қарздоранд ва ё алименти фарзандони худро напардохтаанд.
Як манбаъи Паём гуфт, ки бахше аз ин қарздорон соҳибкорони номуваффақе ҳастанд, ки барои кадом тарҳи тиҷорӣ аз бонкҳои кишвар қарз гирифтаву дертар муфлис шудаанд.
Наврӯз Абдусатторов, як соҳибкори хурд мегӯяд, бо ба гарав мондани хонааш аз бонк ба 18 000 доллар кафолати бонкӣ гирифта буд. “Хонаамро 31 000 нарх монда, ба 18 000 кафолати бонкӣ доданд. Вақте ман муфлис шудам, нархи хона арзон шуда буд. Бонк онро гирифта ба 14 000 фурӯхту ман 4 000-и дигар қарздор мондам”, — мегӯяд ӯ.
Тобистони гузашта Абдусатторов ба Туркия меравад ва бо кор дар ин кишвар 1800 доллар қарзашро бармегардонад. “Имсол ҳам хостам тавассути Қирғизистон ба Истамбул равам, аммо аз сарҳад гардонданд. Гуфтанд, ки то қарзамро пардохт накунам, аз Тоҷикистон берун рафта наметавонам”.
Ин соҳибкор мегӯяд барои ба роҳ мондани истеҳсоли мебел қарз гирифта буд. “Се сол дар як корхонаи мебелсозии шаҳри Измири Туркия кор карда, тамоми нозукиҳояшро омӯхтам. Хостам истеҳсоли ҳамин намуд мебелро дар Тоҷикистон ба роҳ монам, вале намедонистам, ки кор кардан дар Тоҷикистон ғайриимкон аст. Ҳоло корхонаам ба кор надаромада 4-5 маротиба тафтиш карданд. Ҳанӯз ақалан як курсӣ нафурӯхта ду бор ҷарима карданд. Як мақомдори додситонии шаҳр комплект супориш доду пулашро надод. Баъди ҳамагӣ 8 моҳи кор пурра муфлис шудам”.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ки дар миёни афроде, ки баромаданашон аз кишвар манъ шудааст, раҳбарони 130 ширкати хусусӣ низ ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон даъво доранд, ки ин кор, яъне мамнӯъул-хурӯҷ кардани афроди қарздор дар аксари кишварҳо, аз ҷумла Русия таҷриба шудааст ва натиҷаи хуб додааст. Одатан мақомоти кишвар аксари ин гуна қарору қонунҳоро бе дарназардошти шароити кишвар ва муқоисаи он бо кишварҳое, ки ин корҳо таҷриба шудаанд, қабул мекунанд.
Дар Русия ва дигар кишварҳое, ин қонун амал мекунад, ҷои кор вуҷуд дорад ва имкони кор кардану баргардонидани қарз фароҳам аст. Ҳатто метавон барои пӯшидани як қарз қарзи дигар гирифт. Ё бо кор дар сохтмон, савдо ва ғайра метавон даромади доимӣ ва муваққатӣ пайдо карду мушкил бо бонкро ҳал намуд.
Барои мисол, Сироҷиддин Шарифзода, як тоҷики душаҳрвандидошта, ки дар Русия ба савдои пойафзор машғул аст, муфлис мешавад ва бинобар қарз доштанаш аз бонк ба ӯ иҷозаи рафтан ба Тоҷикистонро намедиҳанд. Маҷбур барои кор ба сохтмон меравад ва дар 4 моҳи тобистон қарзи 140-ҳазориаш аз бонкро пардохт мекунад.
Аммо дар шароити Тоҷикистон, ки бинобар набудани ҷои кор 2 миллион шаҳрвандаш дар хориҷ аз кишвар шуғл меварзанд, ингуна афрод чӣ гуна бояд қарзи бонкро пардохт кунанд? Ҳатто дар сурати пайдо кардани ҷои кор, имкони аз моҳонае, ки ҳади миёнааш 200 доллар аст, ҷудо кардани маблағе барои пардохти қарз ғайриимкон аст.
Наврӯз Абдусатторов мегӯяд то кушода шудани сарҳадҳо дар як корхонаи мебелсозӣ кор кардааст. “Аввал бинобар мутахассис буданам 3000 сомонӣ медоданд. Баъд гуфтанд, ки буҳрон сар шудааст, савдо нест ва моҳонаамро 2000 карданд. Ин моҳона ҳатто барои хурду хӯрок намерасад, чӣ расад ба пардохти қарз”.
Дар ҳамин ҳол, қисми бузурге аз соҳибкорони тоҷик ба воридоти мол аз хориҷ машғуланд. Баста шудани роҳҳо, буҳрони иқтисодӣ дар кишвар, ки тавони харидории мардумро кам мекунад, баста ё муфлис шудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар хориҷ, набудани асъор дар бонкҳо ва ғайра метавонад бештари онҳоро дар шароити коруно муфлис ё қарздор намояд. Вақте онҳо мамнӯъул-хуруҷ шуданд, чӣ гуна бояд тиҷорати худро барқарор ва қарзи бонкро пардохт намоянд?
Ба ҳамин монанд тасмимҳо, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бидуни дарназардошти шароити маҳал аз кишварҳои дигар нусхабардорӣ мекунанд, зиёданд. Бештари онҳо бо гузашти вақт мутобиқ набуданашон ба шароити Тоҷикистонро нишон медиҳанд ва мақомот ҳам тасмимашонро иваз мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

