Дар Қирғизистон вазъияти сиёсӣ рӯ ба бӯҳрони ҷиддӣ оварда, ҳукумате, ки тавони ҳамаи ин бесарусомониҳоро идора кунад, дар Қирғизистон вуҷуд надорад.
Созмонҳои давлатӣ ва байналмилалии воқеъ дар Қирғизистон, ибрози нигаронӣ карда, даъват намудаанд, ки ин бӯҳронро ба воситаи музокирот ҳаллу фасл намоянд.
Сомонаи Фараж бо истинод аз расонаҳои мустақили Қирғизистон менависад, дар шӯрои ҳамоҳангсози мардумӣ ҳанӯз наметавонанд барои тайини сарвазири техникӣ ба як хулосаи дастаҷамъӣ оянд. Ин дар ҳолест, ки ба мақоми нахуствазир намояндагони се ҳизби сиёсии он — “Республика”, “Бир бола” ва Ота Макон” даъвогар ҳастанд.
Ба ин тартиб аъзои шӯрои ҳамоҳангсози мардумӣ талош ба харҷ медиҳанд, ки як номзади мувофиқро ба мақоми нахуствазир пайдо кунанд.
Дар ҳамин ҳол, президент Сооронбой Ҷеенбеков бо собиқ шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоахматов гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Ин шахс шоми 7 октябр аз муҳоҷират ба Қирғизистон баргаштааст.
Мирзоахматов гуфтааст, ки президент аз вай ба эътидол овардани вазъиятро хоҳиш кардааст ва омода аст, бо ҳар нафари дилхоҳ, ҳатто бо президенти собиқ Алмосбек Отамбоев мулоқоту гуфтугӯ кунад.
Сооронбой Ҷеенбеков гуфтааст, агар вазъият мӯътадил ва ба идораҳои ҳукуматӣ роҳбарон расман таъйин карда шаванд, омода аст, ки ба истеъфо биравад.
Дирӯз 8 октябр бонкҳои Қирғизистон дубора фаъолияти худро аз сар гирифтаанд. Азиз Мурахматов барои иҷрои мақоми шаҳрдории Бишкек дубора ба курсии худ нишастааст.
Дар намоишҳои Ӯш ва Қаросӯ аз президент Сооронбой Ҷеенбеков ҷонибдорӣ кардаанд.
8 октябр Шӯрои ҳамоҳангсози мардумӣ ба мақоми сарвазири техникӣ аз ҳизби “Республика” Омурбек Бабанов, аз ҳизби “Бир бола” Алтинбек Сулаймонов ва аз ҳизби “Ота Макон” Тилек Токтоғозиевро пешбарӣ кардааст.
Дар айни ҳол як қисми депутатҳои парлумон Миқтибек Абдилдаевро ба мақоми сарвазир интихоб кардаанд, аммо маълум нест, ки ин интихоботи онҳо дар доираи қонун сурат гирифтааст, ё на.
Абдилдаев ба президент гуфтааст, ки мардуми кишвараш наметавонад ҳамеша дар низоми интизоршавӣ ба сар барад ва бояд қарорҳои таъҷилӣ қабул кард.
Ҳанӯз 5 октябр дар майдони Ала-Тоо намоишҳои эътирозӣ баргузор шудаанд. Эътирозгарон аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ибрози норизоӣ мекунанд. Ин намоишҳои эътирозӣ то ҳол идома доранд.
Бар асари зиддиятҳову даргириҳои миёни эътирозгарон ва кормандони ниҳодҳои интизомӣ як нафар ба ҳалокат расидааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

