Узбекистон дар моҳҳои октябр ва ноябр нӯҳ қаторро барои интиқоли шаҳрвандонаш аз Русия ба роҳ меандозад.
Дар ин бора Пойгоҳи иттилоотии Podrobno.uz навиштааст ва ҳатто ин хабар дар сомонаи ширкати роҳи оҳани Русия низ вуҷуд дорад.
Тибқи иттилои ин расонаҳо ҳама қатораҳо бо хатсайри «Волжский (вилояти Волгоград) — Тошканд» ҳаракат мекунанд.
Ин қатораҳо аллакай аз рӯзи 11 уми октябр ба ҳаракат даромадаанд. Ҳамин тавр санаҳои 15, 18, 22, 25, 28 октябр, инчунин рӯзҳои 1 ва 2 ноябр соати 21:57 аз истгоҳи Волжский ба сӯи Тошканд ҳаракат мекунанд.
Барои харидории билетҳо, мусофирон бояд ба ягон нуқтаи билетфурушии роҳи оҳан, ки дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият мекунад, муроҷиат кунанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Узбекистонро пешниҳод кунанд. Ғайр аз ин, дар сайти расмии Роҳи оҳани Русия боргирии онайнии билетҳо ва инчунин бо истифода аз замимаи мобилии ширкати роҳи оҳани Русия боргирии онлайни билети қатора имконпазир аст.
Ҳар як қатора аз 20 вагон иборат буда, барои интиқоли 938 мусофир пешбинӣ шудааст. Поездҳо аз қаламрави Федератсияи Россия бе таваққуфгоҳи иловагӣ ҳаракат мекунанд. Сафари шаҳрвандони Ӯзбекистон дар доираи созишномаҳои байналмилалии мавҷуда байни ҳукумати Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

