Saturday, February 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПулис дафтари Маркази тоҷикон дар Маскавро тафтиш кард

Пулис дафтари Маркази тоҷикон дар Маскавро тафтиш кард

Дафтари Маркази тоҷиконро дар Маскав пулиси ин шаҳр мавриди кофтуков қарор дод. Дар ин бора Иззат Амон, раҳбари Маркази тоҷикон дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод. Аммо гуфт, ки кормандони пулис бо эҳтиром ва муаддабона муносибат кардаанд. 

Иззат Амон навишт, ки «Ин ҷанобон бо рафтори худ ба ман фаҳмонданд, ки «мо медонем, шумо ба чӣ кор машғулед, вале фармон фармон аст.» 

Ӯ афзудааст, “дар ин бора, ки ин фармон аз кадом тараф омадааст, ман аз дақиқаи аввали суҳбат бо кормандони пулис пай бурдам. Мутмаинам, ки агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заррае ба фаъолияти ман дар арсаи ҳимояи хуқуқ шубҳа медоштанд, оқибатҳои ин кофтуков хеле талх мешуд. Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки ҳимоят аз ҳуқуқ дар Русия бехатар нест. Ҳамоиши муҳоҷирон ба ҷомиаи Русия ба касе лозим нест. На ба мақомоти Тоҷикистон ва на Русия. Маҷбурем дафтарро бандем ва боз ҳиҷрат кунем.»

Иззат Амон қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 14 октябр кормандони пулис дафтари Маркази тоҷиконро дар Маскав кофтукоб кардаанд. Дар қарори кофтукоб бо имзои генерал-майор С.Н. Кузьмин, и.в. муовини пулиси Маскав оид ба корҳои фаврӣ, гуфта мешуд, ки дар ин дафтар дар хиёбони Волгоград «Холов И.А. эҳтимолан тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст. Ба ин дафтар мунтазам нафарони ношиносе меоянд, ки эҳтимолан шаклҳои ифротии исломро пайравӣ мекунанд, адабиёти ифротӣ (ки ба рӯйхати адабиёти ифротии дар қаламрави Русия мамнӯъ шомил шудааст) меомӯзанд ва дар қаламрави Маскав даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.»

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular