Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЕревану Боку ҳамдигарро дар нақзи оташбас гунаҳкор карданд

Еревану Боку ҳамдигарро дар нақзи оташбас гунаҳкор карданд

Арманистон Озарбойҷонро ба нақзи оташбас айбдор кард, ки ҳадафи он қатъи ҷангҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ сар аз рӯзи 18-уми октябр буд.

Миёни ду кишвар аз 27-уми сентябр дар ин минтақа задухӯрд идома дорад.

Шушан Степаниан, сухангӯи вазорати дифои Арманистон рӯзи 18-уми октябр дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Озарбойҷон аз соати 1-и шаб то 2:45 мушак партоб кард.

Ҷониби Озарбойҷон низ дар посух Арманистонро ба ҳадаф қарор додани қаламравша муттаҳам кард.

Бегоҳи рӯзи 17-уми октябр ду ҷониб эълон карда буданд, ки аз рӯзи 18-уми октябр оташбасро риоя мекунанд. Изҳороти ду ҷониб дар вебсайтҳои вазорати корҳои хориҷии ду кишвар нашр шудааст.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки тасмими оташбас пас аз сӯҳбат бо кишварҳои “Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо» гирифта шудааст.

Дар ин гурӯҳ, ки барои ҳали ихтилофи баҳс миёни ду кишвар таъсис ёфтааст, кишварҳое мисли Фаронса, Русия ва ИМА шомиланд.

Дар ҷанги тоза миёни ду кишвар, ки охири моҳи сентябр оғоз шуд, ҳудуди 600 низомӣ ва ғайринизомӣ кушта шудааст.

Ин ҷанг пурқурбонитарин ҷанг аз соли 1994 миёни ду кишвар бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ дониста мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular