Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИдомаи эътирозҳо дар Белорус

Идомаи эътирозҳо дар Белорус

Дар Беларус бегоҳи 18-уми октябр қарор аст, эътирози наве алайҳи Александр Лукашенко, президенти ин кишвар баргузор шавад.

Эътирозҳо алайҳи Лукашенко пас аз интихоботи президентии 9-уми августи соли равон то кунун давом дорад.

Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбарии Беларусро бар душ дорад, ғолиби интихоботи рӯзи 9-уми август эълон шуд. Мухолифонаш интихоботро ношаффоф медонанд ва мегӯянд, Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко барандаи интихобот аст.

Иттиҳоди Аврупо ва ИМА Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф накардаанд.

Эътирози имрӯз давоми эътирозест, ки беш аз ду моҳ боз ҳар рӯзи якшанбе дар Минск баргузор мешавад.

Рӯзи 17-уми октябр низ даҳҳо зан дар Минск эътирз карданд.

Маркази дифоъ аз ҳуқуқ бо номи «Весна» хабар дод, ки беш аз 30 нафар рӯзи гузашта боздошт шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular