Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШаҳрдори Маскав аз коҳиши 40%-ии муҳоҷирон хабар дод

Шаҳрдори Маскав аз коҳиши 40%-ии муҳоҷирон хабар дод

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, мақомоти Москва одамонро барои кор аз дигар минтақаҳои Русия ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи Собянин, «на ҳама москвагиҳо омодаанд, ки дар даст белу ҷорӯб» гиранд.

Шаҳрдори Москва пештар гуфта буд, ки коҳиши шумораи муҳоҷирон ба пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо рабт дорад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки «мушкилиҳо пеш хоҳад омад».

«Москва дар фасли сармо гуруҳҳои иловагиро барои корҳои дастӣ муваққатан ҷалб мекард»,-изҳор дошт.

Шаҳрдории Москва аз норасоии кормандон дар сохтмонҳои шаҳр низ хабар дод. «Марзҳо бо кишварҳое баста шудаанд, ки сохтмонҳои Москваро бо нерӯи кории кофӣ таъмин мекарданд. Мутаассифона бинокорони рус наметавонанд ҷойи онҳоро пур кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар сохтмонҳои шаҳр даҳҳо ҳазор коргар намерасад», — афзуд ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular