Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Равшан”-у “Истиқлол” барои Суперҷом ба масофи ҳамдигар мераванд

“Равшан”-у “Истиқлол” барои Суперҷом ба масофи ҳамдигар мераванд

Пурсадотарин тими футболи Тоҷикистон — “Равшан”-и Кӯлоб на танҳо ба лигаи олии кишвар баргашт, балки бо дарёфти Ҷоми футбол ба масофи рақиби деринаш — дастаи қаҳрамони кишвар “Истиқлол” меравад.   

Бо бозӣ барои дарёфти Суперҷом як ҳафта пеш аз даври якум, мавсими навбатии футбол дар Тоҷикистон расман оғоз мегардад. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ ва агар дар ин қисмҳо низ ғолиб муайян нашавад, зарбаҳои 11-метра таъин мешаванд.

Бозиҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор шуда, дастаи “Истиқлол” 8 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019.

Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:2 шикаст дода, ба Суперҷом соҳиб шуд.

Соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар Ҳисор бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, бар дарёфти ин ҷоиза ноил гардид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular