Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавҷи нави ихроҷи муҳочирин ва муроҷиати Иззат Амон ба сафиру ҳукуматдорони тоҷик

Мавҷи нави ихроҷи муҳочирин ва муроҷиати Иззат Амон ба сафиру ҳукуматдорони тоҷик

Баъди ҳодисаи гӯё ҳуҷум ба посгоҳи пулис ва кушта шудани 3 муҳоҷири тоҷик, ки мо аз он иттилоъ дода будем, мавҷи нави ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия оғоз ёфтааст.

Иззат Амон, вакили дифоъ ва раҳбари созмони “Ҷавонони муҳоҷири тоҷик” дар Русия бо пахши як навор оиди беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик, аз мақомоти кишвар талаб кардааст дар кӯмаки муҳоҷирон бошанд.

Пулиси роҳи Русия як ҷавонро тамоми ҳуққатҳои будубошро доштааст, дар роҳ боздошт ва ба идорааш бурда як шабонарӯз нигоҳ доштааст:

Баъдан бидуни иштироки худи ӯ ва ҳамроҳонаш муҳокима баргузор шуда, ба ҷавон ҳукми ихроҷ содир кардаанд.

Дар охир Иззат Амон ба сафир ва ҳукуматдорони тоҷик муроҷиат намуд, аз эшон хостааст ба доди шаҳрвандонашон бирасанд.

-Пушти ин миллат биистед, ин миллатро камтар пуштибонӣ кунед. Дар Тоҷикистон бо кор таъмин накардед, инҳо маҷбуранд омада дар ин ҷо кор кунанд. Ҳадди ақал дар инҷо аз инҳо пуштибонӣ кунед

гуфтааст Иззат Амон.  

Он наворро инҷо бубинед:

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular