Як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нисфирӯзии 26-уми октбяр даст ба худкушӣ задааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Наздикони Шерафган Хоҷақулов, корманди фурудгоҳ мегӯянд, ӯ дар эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Мақомот низ ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.
Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13 ба бародараш паёмак навиштааст, ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.”
Ҳамсуҳбати мо гуфт, Шерафган дар манзили иҷора зиндагӣ мекард ва аз пули иҷора низ қарздор буд. Ӯ соҳиби се фарзанди ноболиғ будааст.
Умед Хоҷақулов, бародари ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Шерафган 14 ҳазор сомонӣ аз ҳақи истифодаи манзили иҷора қарздор буд ва соҳибхона аз ӯ талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, бародараш баъди хизмати ҳарбӣ дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард, вале бо исрори батакрори ӯ роҳбарияти фурудгоҳ маошашро моҳҳо пардохт накардаанд.
Назари масъулини Фурудгоҳи Душанбе ба ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.
Бародари Шерафган гуфт, ки ҷасдаро ба ӯ нишон доданд ва ӯ осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст.
Ҷасади Шерафган Хоҷақуловро ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе овардаанд ва наздиконаш гуфтанд, баъд аз ташхис ҷасадро ба онҳо медиҳанд.
Дар бинои Беморхонаи ёрии таъҷилӣ кормандони зиёди милиса ҳозир буданд ва ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи ворид шудан ба дохилро надоданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ карда гуфт, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

