Tuesday, February 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗариф: тавҳин ба мусалмонон сӯъиистифодаи фурсатталабона аз озодии баён аст

Зариф: тавҳин ба мусалмонон сӯъиистифодаи фурсатталабона аз озодии баён аст

Вазири корҳои хориҷии Эрон таҳқири 1 миллиарду 900 миллион мусулмон ва муқаддасоти онҳоро ҳамчун сӯиистифодаи фурсатталабона аз озодии баён тавсиф кард.

Муҳаммад Ҷаводи Зариф дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: «мусулмонон қурбониёни аслии «фирқаи нафрат» ҳастанд; фирқае, ки режимҳои истеъморгар ба он  қудрат бахшиданд ва бо аъмолшон ба ҳама ҷо содир карданд».

Вай таъкид кард: «тавҳин ба 1, 9 миллиард мусулмон ва муқаддасоти онҳо ба воситаи ҷиноёти ин ифротгароён, сӯъиистифодаи фурсатталабона аз озодии баён аст ва инчунин иқдомоте танҳо бар оташи ифротгароӣ медамад»

Нашрияи фаронсавии «Шарлии Эбдо» чанде пеш карикатурҳои тавҳиномезеро дар бораи Паёмбари мукаррами ислом ( с ) мунташир кард, ки бо ҳимояти Раиси Ҷумҳурии Фаронса ҳамроҳ шуд.

Пас аз қатли як омӯзгори таърих дар Париж, ки дар синфҳо тасвирҳои тавҳиномез аз Паёмбар Муҳаммад (с) -ро намоиш медод, Макрон бо пахши ингуна тасвирҳо бо баҳонаи озодии баён пуштибонӣ кард ва таъкид кард, ки кишвараш минбаъд низ дар интишори ин тасвирҳо пуштибонӣ хоҳад кард. Изҳороти Макрон вокунишҳои шадиди миллатҳои мусалмон дар саросари ҷаҳонро ба бор овард. Чандин кишварҳои ҷаҳон эълом карданд, ки аз харидани молу колои Фаронса даст мекашанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular