Monday, February 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет35 медали хонандагони як мактаби Бӯстон дар олимпиадаи байналмиллалӣ

35 медали хонандагони як мактаби Бӯстон дар олимпиадаи байналмиллалӣ

Гуруҳе аз хонандагони Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз як озмуни байналмиалаии фосилавӣ бо номи  “Math Challange-2020” 35 медал ба даст овардаанд.

Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ «Math Challange-2020» моҳи октябр бо ҷалби 1600 хонанда аз 70 кишвари ҷаҳон дар риштаи риёзӣ бо забони англисӣ дар Тайланд баргузор шуд.

Дар ин озмун 35 нафар хонандаи Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 17 медали тилло ва 18 медали нуқра ба даст оварданд.  

Тавре Азия Плюс хабар медиҳад, Ҷумабой Исомитдинов, ҷонишини мудири ин Мактаб гуфтааст, дар олимпиада, ки онлайн баргузор шуд хонандагони синфҳои 4 то 11 иштирок карданд. “Ва аз ғолибон дар як вазъи тантанавӣ қадрдонӣ шуд”.

Манбаъ афзудааст, ки ба ғолибон диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ баъди дастрас шудан ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим мешавад.

Олимпиадаи байналмиллалии математика ва роботатехника ҳамасола зери номи «International Math Challange», бо дастгирии Мактаби байналмиллалии Осиё ва Донишгоҳи байналмиллалии Рангситии Тайданд доир мешавад. Соли ҷорӣ бинобар ҳамагирии вируси куруно олимпиада онлайн сурат гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular