Monday, February 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҳдудияти аёдати беморон дар бемористони «Ибни Сино»

Маҳдудияти аёдати беморон дар бемористони «Ибни Сино»

Бемористони Ибни Сино эълон кардааст, ки шурӯъ аз 26-октябри соли 2020, аёдати беморон аз ҷониби наздикону хешовандон дар бемористон муваққатан маҳдуд карда шудааст. Ин тадбир аз сӯи маъмурияти бемористон ба хотири риоят намудани талаботи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз авҷи COVID-19 пешбинӣ шудааст. Маҳдудияти аёдати беморон бояд фавран дар дигар беморхонаҳо низ ҷорӣ шавад.

Раиси Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта, ки ин тадбир барои эминии саломати хешовандон ва ҳам беморони бистарӣ муфид аст, то ҳам беҳтар шудани вазъияти бемории корнавирус дар кишвар бемористон бо чунин реҷа кору фаъолият мекунад. Ва  маҳдудияти аёдати беморон дигар як чизи одӣ аст, ки тамоми бемористонҳо бояд ин реҷаро фавран ҷорӣ намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки дар бемористонҳое, ки гирифторони коронавирус дармон мешаванд ва ҳамчунин дар таваллудхонаҳо низ  аёдати беморон аз оғози шуйуъи коронавирус маҳдуд карда шудааст. Аммо дар дигар беморхонаҳо ин маҳдудият ҷорӣ нашудааст. 

Ба гуфтаи раиси Бемористони Ибни Сино,  тасмими маҳдудияти аёдат аз қабл низ гирифта шуда буд, вале эълони хабари онро ҳоло пахш намуданд, то нафароне, ки наздикони худро ба беморхона меоранд, аз ин тасмим огаҳӣ дошта бошанду баъдан Гуфтанист, Бемористони Ибни Сино охирин бемори шифоёфтаи коронавирусро рӯзи 15 июн аз беморхона рухсат дода, дигар беморони гирифтори COVID-19-ро  қабул намекунад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular